Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ифротгарои "Давлати исломӣ" (ДИИШ) масъулияти таркишҳои Бейрутро, ки аз сӯйи бомбагузорони маргталаб анҷом дода шудаанд, ба зимма гирифт. Ин изҳоротро ҷонибдорони исломгароёни ифротӣ 13 ноябр дар шабакаи Твиттер нашр кардаанд.

Пулис мегӯяд, ки маргталабон маводи таракандаро дар камари худ баста буданд. Дар пайи ин ду таркиш дар шаҳраки канораи ҷанубии пойтахти Лубнон 37 нафар кушта ва беш аз 180 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин амалҳои террористӣ дар назди даромадгоҳи маркази тиҷоратӣ ва дар назди дарвозаи масҷид дар минтақае сурат гирифтаанд, ки маҳалли будубоши шиаҳои гурӯҳи ифротии "Ҳизбуллоҳ аст. Ин гурӯҳ аз сӯйи Эрон пуштибонӣ мешавад.

Ҷангиёни гурӯҳҳои низомии "Ҳизбуллоҳ" дар Сурия ба пуштибонӣ аз раисиҷумҳур Башор Асад меҷанганд. Ин дар ҳолест, ки суннимазҳабони лубнонӣ аз мухолифони суриягӣ ҳимоят мекунанд. Дар пасманзари даргирии низомӣ дар Сурияи ҳамсоя дар Лубнон амалҳои хушунатомез зиёд мушоҳида мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG