Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши Русия барои ҳимоят аз варзишгаронаш


Мақомоти Русия башиддат талош доранд, монеи қабули қароре шаванд, ки мумкин аст, варзишгарони кишварро аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимии соли 2016 маҳрум кунад. Пеш аз қарори Иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук, ки рӯзи 13-уми ноябр содир мешавад, Виталий Мутко, вазири варзиши Русия гуфт, кишвараш омодаи ҳамкорӣ дар роҳи мубориза аз допинг ва ё истифодаи доруҳои нерӯафзо аз тарафи варзишгарон аст. Ӯ гуфт, Русия омода аст, созмони нави ташхиси допингро таъсис диҳад. Вале айни замон ӯ иддаоҳои Созмони Ҷаҳонии Мубориза бо Допинг дар бораи Русияро “пуч” номид. Ин созмон пештар гуфта буд, ки варзишгарони Русия аз доруҳои нерӯафзо васеъ истифода мекунанд ва ҳукумат ҳам дар ин гуна корҳо шарик будааст. Виталий Мутко, яке аз шарикони деринаи раиси ҷумҳур Владимир Путин гуфт, қасд дорад бо Томас Бах, раиси Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ мулоқот анҷом диҳад. Аз ин пештар Александр Жуков, раиси Кумитаи олимии Русия рӯзи 12-уми ноябр бо Томас Бах гуфтӯгу дошт. Владимир Путин гуфтааст, ки мехоҳад, Русия худаш масъалаи истифодаи допинг дар байни варзишгаронро таҳқиқ кунад.

XS
SM
MD
LG