Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз қочоқи 850 кило пахтаи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хадамоти гумруки Қирғизистон аз пешгирии қасди қочоқи 850 кило пахта аз Тоҷикистон хабар дод. Дафтари матбуоти ин идора гуфт, 850 кило пахтаи коркардшуда, ки нархаш 102 000 соми қирғизӣ, муодили 1470 долларро ташкил медиҳад, рӯзи 13 ноябр дар ҳудуди рустои Қаробаки ноҳияи Бодканд боздошт шуд. Бодканд бо ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст. Мақомоти Қирғизистон мавзӯи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар мавриди ин талоши қочоқи пахтаро баррасӣ мекунанд. Тибқи қонунҳои Қирғизистон, агар арзиши моли қочоқӣ аз 100 000 сом боло бошад, мақомот метавонанд алайҳи қочоқбарон парванди ҷиноӣ кушоянд.

XS
SM
MD
LG