Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лопес: "Футболбозони тоҷик бозии олӣ нишон доданд"


Фабио Лопес
Фабио Лопес

​​Сармураббии тими миллии Бангладеш Фабио Лопес баъди бохти дастааш ба мунтахаби Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ки футболбозони тоҷик бозии олӣ нишон доданд.

Мутахассиси итолиёвӣ Фабио Лопес, сармураббии тими миллии Бангладеш, баъди шикасти дастааш бо ҳисоби бузурги 0:5 аз мунтахаби Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ аз футболбозони тоҷик тавсиф кард. Ӯ шоми 12 ноябр дар Душанбе гуфт, "футболбозони тоҷик бозии олӣ нишон доданд".

Ҷаноби Лопес афзуд, "дар навбати худ бачаҳоямонро табрик мекунам, ки дар чунин ҳавои барои мо сард ва дар майдони маснӯӣ ҳунарнамоӣ карданд. Вале ман бо ин гуфтаҳоям баҳонаҷӯӣ намекунам, ки маҳз бо ин сабабҳо бозиро бохтем. Бачаҳои мо кӯшиш карданд, вале футболбозони тоҷик бозии олӣ нишон доданд."

Пирӯзии Тоҷикистон бар Бангладеш бо ҳисоби 5:0

Баъдан дар ин нишаст Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, аз мухлисоне, ки ба номусоидии ҳаво нигоҳ накарда, барои дастгирии даста ба варзишгоҳ омада буданд, изҳори сипос намуд. Ӯ гуфт, "ҳарчанд мунтахаби Бангладеш дастаи қавӣ нест, вале дар бозии аввал моро аз ду имтиёз маҳрум карда буд. Дар бозии имрӯза мо метавонистем, ки боз чанд гол занем, вале аз лаҳзаҳои

Мубин Эргашев
Мубин Эргашев

мувофиқ истифода карда натавонистем. Гол ҳарчи бештар шавад, ҳамон қадар ба фоидаи даста аст, зеро ҳангоми натиҷагирии мусобиқа ва муайян кардани мавқеи дастаҳо таносуби тӯбҳо ба назар гирифта мешавад."

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” тими миллии Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Ин бозӣ бо ҳузури панҷуним ҳазор тамошобин шоми панҷшанбеи 12 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе зери борони шадид сурат гирифт.

Чаҳор голро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 16, 26, 60 ва 74-ум ба самар расонд. Як голи дигарро нимҳомоятгар Аҳтам Назаров аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ дар дақиқаи 52-юм вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Ҳайатҳои дастаҳо дар ин бозӣ чунин буд:

Тоҷикистон: 16. Алишер Додов, 2. Далерҷон Тухтасунов, 8. Нуриддин Давронов, 11. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 12. Сиёвуш Асроров, 14. Ҳасан Рустамов (5. Ҷаҳонгир Алиев, 46), 17. Дилшод Восиев (капитан, 15. Нозим Бободжонов, 76), 19. Аҳтам Назаров, 20. Парвизҷон Умарбоев, 21. Манучеҳр Ҷалилов, 23. Аҳтам Ҳамроқулов (9. Умедҷон Шарифов, 67).

Бозии тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Бангладеш. Душанбе, 12 ноябр
Бозии тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Бангладеш. Душанбе, 12 ноябр

Бангладеш:1. Шаҳидул Алам, 2. Райҳон Ҳасан, 6. Ҷамол Буян, 8. Мамунул Ислом (капитан), 9. Муҳаммад Зибан, 10. Винсент Бисвас, 12. Муҳаммад Насирул Ислом, 14. Касто Кумар Бош, 16. Абдул Батен, 17. Муҳаммад Токлис (18.Соҳил Рано, 57), 20. Муҳаммад Ронӣ (13. Масук Миа Зонӣ, 54).

Огоҳонида шуданд: Парвизҷон Умарбоев, 28, Ҷаҳонгир Ҷалилов, 71 (ҳарду – Тоҷикистон), Муҳаммад Насирул Ислом, 51 (Бангладеш).

Сардовари бозӣ: Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қайсӣ (Ироқ).

Дар бозии дигари даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” мунтахаби Австралия дар майдони худ бар тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври ҳафтуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 12 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

5

4

1

0

12-1

13

2

Австралия

5

4

0

1

13-3

12

3

Қирғизистон

6

2

2

2

8-8

8

4

Тоҷикистон

6

1

2

3

9-12

5

5

Бангладеш

6

0

1

5

2-20

1

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «В»

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш — Австралия

Қирғизистон — Урдун

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия - Тоҷикистон

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

XS
SM
MD
LG