Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия тақрибан 500 қирғиз меҷангад


Индира Ҷолдубаева
Индира Ҷолдубаева

Қариб 500 шаҳрванди Қирғизистон дар қаламрави Сурия меҷанганд ва дар миёни онҳо 122 зан низ ҳастанд. Дар ин бора Радиои Азаттик аз қавли додситони кулли Қирғизистон Индира Ҷолдубаева хабар додааст.

Хонум Ҷолдубаева ин оморро дар ҷараёни ҳамоиши додситонҳои кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сочии Русия эълом кард. Вай афзуд, ки ахиран ниҳодҳои амниятӣ ҳамчунин қариб 500 нафареро ошкор сохтанд, ки ба созмонҳои террористӣ иртибот доранд.

Ба иттилои ниҳодҳои амниятии ғарбӣ, дар сафҳои нерӯҳои ифротӣ дар Сурия ва Ироқ имкон дорад, ҳазорон сокини Осиёи Марказӣ биҷанганд. Мақомоти Қазоқистон дар бораи теъдоди шаҳрвандони кишвар, ки ба манотиқи таҳти назорати "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ сафар кардаанд, омори мухталиф медиҳанд.

Тобистони соли ҷорӣ дабири Шӯрои амнияти Қазоқистон Нурлан Ермекбаев гуфт, ки қариб 400 шаҳрванди Қазоқистон ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Тирамоҳи имсол бошад, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов изҳор дошт, ки 200 шаҳрванди ин кишвар дар Ховари Миёна меҷанганд.

Ба иттилои Маркази зиддитеррористии ИМА, гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ қариб ҳазор шаҳрванди Қазоқистонро ба сафҳои худ ҷалб кардаанд.

XS
SM
MD
LG