Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ориф Юнус зиндонро тарк кард


Додгоҳи шаҳри Боку рӯзи 12 ноябр ҳомии ҳуқуқи башар Ориф Юнусро бино ба бад шудани вазъи сиҳаташ аз маҳбас раҳо кард. Ба иттилои бахши озарии Радиои Озодӣ, Додгоҳи таҷдид назар аризаи вакили дифоъ барои ба ҳабси хонагӣ иваз кардани ҳукми додгоҳро пазируфт.

Ориф Юнус бо имзои як протокол муваззаф шуд, ки аз Боку берун наравад.Ҳамсари ӯ Лайло Юнус, муассис ва раҳбари Пажуҳишгоҳи сулҳ ва демократия дар Боку, дар зиндон мемонад.

Моҳи августи соли равон додгоҳ оид ба ҷиноёти сангин Ориф Юнуси беморро ба ҳафт сол ва ҳамсари ӯ Лайло Юнусро бо иттиҳоми ҷиноёти иқтисодӣ ба ҳашту ним соли маҳбас маҳкум кард.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин мурофиаро “мазҳакаи додгоҳӣ” номидаанд. Лайло Юнус қабл аз эълони ҳукм гуфта буд, ба зиндон маҳкум кардани онҳо, маҳкум шудан ба марг аст, зеро ҳарду сахт беморанд. Лайло Юнус ҳамчунин эълом дошт, ки ҳукм ангезаи сиёсӣ дорад, зеро онҳоро барқарор кардани робитаҳо бо Арманистони ҳамсоя ва дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Озарбойҷон муҷозот мекунанд.

XS
SM
MD
LG