Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагӣ ба парвозҳо аз Калуга ба Тоҷикистон


Airbus A320. Акс аз бойгонӣ

Airbus A320. Акс аз бойгонӣ

Ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”-и Русия аз 16 ноябр ба анҷоми парвозҳо дар масири Калуга – Хуҷанд шурӯъ мекунад. Ҳамин ширкат, ҳамин тавр, аз 26 ноябр нахустин парвозаш дар хатти Калуга –Душанберо анҷом хоҳад дод. Нархи парвоз то Кӯлоб аз 13 205 рубл ва ба Душанбе аз 12 873 рубл оғоз мешавад. Ин парвозҳо ҳафтае як бор бо ҳавопаймоҳои навъи Airbus A320 сурат мегиранд. Қарор аст, парвозҳо аз ин шаҳри Русия ба Душанбе рӯзҳои панҷшанбе ва ба Хуҷанд рӯзҳои сешанбе анҷом шаванд. “Уральские авиалинии” ҷиҳати шурӯи парвозҳо дар хатти Калуга – Кӯлоб низ эълон дода буд, вале ҳоло ин эълон аз сомонаи ширкат бардошта шудааст.

XS
SM
MD
LG