Пайвандҳои дастрасӣ

Тақрибан 300 тан аз кормандони полиси Шветсия шурӯъ аз 12 ноябр ба тафтиши санадҳо дар вилояти ҷанубии Сконе машғул хоҳанд шуд. Сконе аз тариқи баҳри Балтик бо Дания ва Олмон ҳаммарз аст.

Ба иттилои расмӣ, ин чораи муваққатӣ бояд ба коҳиши вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои минтақаи Шенген тавассути купруки Оресен ва киштиҳои мусофирбар мусоидат кунад. Ҳамарӯза беш аз сад ҳазор нафар аз марзҳои ҷанубии Шветсия убур мекунанд ва полис имкони санадҳои ҳамаи онҳоро надорад. Аммо, ба гуфтаи раиси бахши фаврии полиси Сконе Лейф Франсон, тафтиши интихобии санадҳо тақрибан 75 дар сади мусофирони қаторҳо ва киштиҳои се кишвари ҳамсояро фаро мегирад. Худравҳо алҳол тафтиш намешаванд. Полис ҳақ дорад, ки афроди бесанад ва онҳоеро, ки хостори паноҳандагӣ дар Шветсия шуданианд, аз кишвар берун кунад.

Субҳи рӯзи панҷшанбе ба киштиҳои Stena Line, ки байни шаҳри Треллеборги Шветсия ва Ростоки Олмон шино мекунанд, фақат мусофирони дорои шиноснома ё дигар санади Иттиҳодияи Аврупо роҳ дода шуданд.

Фақат ҳафтаи гузашта ба идораи қабули паноҳандагон дар маркази Малмё 10200 муҳоҷир, аз ҷумла, 2700 суриягӣ ва 4300 шаҳрванди Афғонистон муроҷиат карданд.

Мақомоти Норвегия, Дания ва Финляндия аз ибтикори Шветсия истиқбол намуданд.

XS
SM
MD
LG