Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Душанбе пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Бангладеш нишасти хабарӣ доир шуд.

Пеш аз бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Бангладеш, рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси”, нишасти хабарӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст нахуст мутахассиси итолиёвӣ Фабио Лопес, сармураббии тими миллии Бангладеш, ба мизбонон барои пазироии хуш ва шароити хуб изҳори сипос намуда, гуфт “мо аз бозие, ки фардо баргузор мешавад, мехоҳем имтиёзҳо ба даст биёрем. Агар имкон шавад, пирӯз шуданием, зеро мо бо ҳамин мақсад бозӣ мекунем.”

Ҷамол Бҳуян, нимҳимоятгари мунтахаби Бангладеш, иброз дошт, “бозии ҷавобӣ бо тими миллии Тоҷикистон душвор мешавад. Бозии аввал дар ватани мо бо ҳисоби мусовии 2-2 анҷом ёфта буд. Он вақт моро дар майдони худ мухлисонамон дастгирӣ карданд. Ин дафъа бошад, футболбозони тоҷик дар ҳузури мухлисонашон бозӣ мекунанд ва дастгирӣ меёбанд. Бинобар ин барои мо мушкил мешавад.”

Баъдан дар ин нишаст Мубин Эргашев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба хабарнигорон иброз дошт, ки вазифаи ягонаи даста дар ин бозӣ пирӯз шудан аст. Вай афзуд, “ин охирин бозии байналмилалӣ барои дастаи мунтахаби миллии кишвар дар мавсими имсола мебошад. Мутаассифона, оғози ин сабқати интихобӣ барои мо бебарор буд. Бинобар ин бачаҳои мо ба бозӣ муқобили мунтахаби Бангладеш қатъиян барои ғалаба мубориза мебаранд, то ки мавқеи дастаро дар ҷадвал беҳтар кунанд, бо бозии хуб ва натиҷаи дилхоҳ мухлисонро шод гардонанд.”

Дар ин нишаст, инчунин Комил Саидов, ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон, гуфт, “мо муқобили тими миллии Бангладеш танҳо як мақсад дорем – ғалаба, ғалаба ва боз ҳам ғалаба!”

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Бангладеш рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 шурӯъ мешавад.

Баъди натиҷагирии даври шашуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

5

4

1

0

12-1

13

2

Австралия

4

3

0

1

10-3

9

3

Қирғизистон

5

2

2

1

8-5

8

4

Тоҷикистон

5

0

2

3

4-12

2

5

Бангладеш

5

0

1

4

2-15

1

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «В»

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон — Бангладеш

Австралия — Қирғизистон

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш — Австралия

Қирғизистон — Урдун

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия - Тоҷикистон

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG