Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон рафт


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафарӣ давлатӣ рӯзи 11 ноябр ба Покистон рафт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмонали Усмонзода, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов, раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар назар аст дар ин сафар раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Покистон Мамнун Ҳусайн ва нахуствазири он кишвар Навоз Шариф мулоқот намояд. Дар ҷараёни ин сафар, имзои чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф дар назар аст. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон рӯзи 13 ноябр поён меёбад.

XS
SM
MD
LG