Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии садҳо сарбозони суриягӣ аз муҳосира


Набардҳо дар канори пойгоҳи ҳавоӣ идома доранд

Набардҳо дар канори пойгоҳи ҳавоӣ идома доранд

Артиши Сурия дар як амалиёт дар шимоли кишвар садҳо низомиёни моҳҳо дар канори як пойгоҳи ҳавоӣ дар муҳосирабударо озод карданд. Дар бораи аз муҳосираи гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод шудани сарбозони суриягӣ рӯзи 10 ноябр телевизиони давлатии Сурия хабар дод.

Ба иттилои гурӯҳи нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Бритониё, артиш ба канори пойгоҳи ҳавоии Квейрес дар вилояти Ҳалаб расид ва муҳосиреро, ки аз моҳи декабри соли 2012 идома дошт, шикаст. Набардҳо барои таҳти назорат қарор додани пойгоҳи ҳавоӣ идома доранд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар гуфтанд, ки шикастани муҳосира - бузургтарин пирӯзии артиши Сурия баъд аз шурӯи амалиёти ҳавоии Русия дар ин кишвар дар охири моҳи сентбяри соли равон аст. Дар шикастани муҳосираи минтақа аз сӯи “Давлати исломӣ” низомиёни эронӣ ва мусаллаҳони гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳам ширкат карданд.

Талошҳои озод кардани ин пойгоҳ аз моҳи май ба ин сӯ идома доштанд.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи 11 ноябр дар як ҳамлаи миномётӣ ба минтақаи Лозиқия дасти кам 22 нафар ба ҳалокат расиданд. Пойгоҳи ҳавоии Русия дар Лозиқия мустақар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG