Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз зидди "Толибон" ва ҳукумат дар Кобул


Ҳазорон нафар рӯзи 11 ноябр дар як гирдиҳамоӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, алайҳи қатли ваҳшиёнаи ҳафт ҳазора эътироз карданд. Ҳазораҳо аз ақаллиятҳои қавмии Афғонистон буда, пайравони мазҳаби шиаанд. Чаҳор рӯз пеш ситезаҷӯён дар волусволии Арғандоби вилояти Зобули Афғонистон 7 тан аз ҳазораҳо, аз ҷумла, 2 зан ва як кӯдакро сар буриданд. Онҳо шаш моҳ пеш аз вилояти Ғазнӣ рабуда шуда буданд.

Эътирозгарон, ки аксарашон ҳазораҳо буданд, тобутҳо бо қурбониёнро болои сар доштанд ва аз ҳукумати Кобулро барои таъмин нашудани амнияти шаҳрвандон сарзаниш мекарданд. Онҳо “Марг ба Толибон!” шиор заданд ва хостори истеъфои раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси ҳукумати иҷроияи Абдулло Абдулло шуданд.

Мақомоти амниятии Афғонистон иддаои “Толибон”-ро, ки гӯё ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” ҳазораҳоро сар бурдидаанд, рад карданд. Ҳафтаи гузашта дар минтақае, ки ҳазораҳои эъдомшуда ошкор шуданд, даргириҳо миёни гурӯҳҳои гуногуни “Толибон” сурат гирифтанд ва ба иттилои Кобул, дар онҳо аз ду тараф дасти кам 50 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG