Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Миср дархости мутахассисони амрикоӣ барои ширкат дар тафтиши сабабҳои суқути ҳавопаймои Airbus A321 дар болои нимҷазираи Синойро пазируфт. Дар ин бора дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN вазири умури хориҷии Миср Самеъ Шукрӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, қарор аст ба тафтишот мутахассисони ширкати Pratt&Whitney, ки барои Airbus A321 муҳаррик истесол мекунанд, ҳамроҳ шаванд.

Самеъ Шукрӣ афзуд, эҳтимол дорад, ки баъдан ба тафтиши сабабҳои суқути ҳавопаймои русӣ мутахассисон аз FBI - Бюрои Федеролии тафтишоти Амрико ҳам пайванданд.

Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 217 мусофир, аз ҷумла, 25 кӯдак ва 7 сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз 23 дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.

Сабабҳои суқути ҳавопаймо то ҳол эълон нашудаанд. Қаблан муфаттишон фарзияеро пешниҳод карданд, ки дар дохили ҳавопаймо бомб таркидааст ва аз ин рӯ Airbus A-321 дар фазо пора-пора шуд.

Охири ҳафтаи гузашта Русия ҳама парвозҳо ба Мисрро қатъ кард ва акнун сайёҳони руси дар он кишвар монда гурӯҳ-гурӯҳ ва бидуни борҳояшон тавассути ҳавопаймоҳи русӣ ба кишвар оварда мешаванд. Ба иттилои расонаҳо, қаблан дар фурудгоҳи Шарм-ул-Шайх, ҳодисаҳои бетафовутӣ ҳангоми тафтиши борҳои мусофирон, бо пардохти ришва интиқол ёфтани маводи мухаддир ва силоҳ ошкор шуда буданд.

XS
SM
MD
LG