Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия иттиҳоми Бунёди зидди допингро "сафсатта" хонд


Кремл иттиҳоми Бунёди ҷаҳонии зидди допингро дар бораи ин ки варзишгарони рус аз маводи мамнуъ истифода мекунанд, рад кард.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия, 10 ноябр изҳор кард, ки иттиҳоми WADA ё Бунёди ҷаҳонии зидди допинг алайҳи варзишгарони рус бепояву бунёд аст. Ба гуфтаи ӯ, ин ниҳод далелҳои мушаххаси истифодаи варзишгарони рус аз маводи мамнӯъро ироа накардааст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари Оҷонси зидди допинги Русия Никита Камаев иддаоеро, ки гӯё хадамоти амниятии Русия ба кори озмоишгоҳ дахолат мекарданд, рад намуд ва онро “сафсатта” номид. Ҳамзамон ӯ тасдиқ кард, ки ин озмоишгоҳ баста шудааст, зеро WADA муҷаввизашро лағв кардааст.

Аз ин пеш вазорати варзиши Русия изҳор намуд, ки барои ҳамкории наздиктар бо WADA, омодааст ва ҳама камбудҳои Комиссиюни назоратии зидди допинги Русия ва озмоишгоҳи онро бартараф мекунад.

Изҳороти вазорат як рӯз баъд аз он нашр шуд, ки WADA ба Федератсияи байнулмилалии варзиши сабук тавсия дод, Федератсияи варзиши сабуки Русияро муҷозот ва варзишгарони кишварро то анҷоми тафтишоти комиссиюни вижа аз ширкат дар ҳама мусобиқаҳои байнулмилалӣ маҳрум кунад. Ин маънои онро дорад, ки бархе аз варзишгарони рус дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия ширкат нахоҳанд кард.

Дар нишасти хабарии масъулони WADA дар шаҳри Женева рӯзи душанбе (9 ноябр) гуфта шуд, ки Федератсияи варзиши сабуки Русия кодекси байнулмилалии зидди допингро нақз кардааст. Комиссиюни WADA талаб дорад, ки варзишгарони рус Мария Савинова, барандаи Бозиҳои олимпии соли 2012 ва Екатерина Понстогова, соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон, ки ба истифодаи маводи мамнӯъ иқрор кардаанд, якумрӣ аз ширкат дар қувваозмоиҳои байнулмилалӣ маҳрум карда шаванд.

Ба гуфтаи Дик Пунд, муаллифи гузориши 335-саҳифагӣ ва раиси пешини WADA, тақаллуб дар озмоишгоҳ, ришватситонӣ ва фиребу найранг бо ризояти мақомоти Русия, аз ҷумла, мақомоти амниятии он кишвар, сурат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG