Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии ҳашт ҳазора дар Ғазнии Афғонистон


Маросими видоъ бо ҳазораҳои эъдомшуда
Маросими видоъ бо ҳазораҳои эъдомшуда

Кормандони амниятии Афғонистон ҳашт нафар аз ҳазораҳоро, ки моҳҳо пеш аз сӯи ситезаҷӯён рабуда шуда буданд, озод карданд. Ҳазораҳо аз ақаллиятҳои миллии Афғонистон буда, пайравони мазҳаби шиаанд.

Дар изҳороти Раёсати миллии амнияти Афғонистон гуфта шудааст, ки панҷ мард, ду зан ва як наврас рӯзи 10 ноябр бар асари як амалиёт дар вилояти Ғазнӣ раҳо карда шуданд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки миёни онҳо нафаре аз 31 нафари ҳазораи моҳи март аз як автобус дар Ғазнӣ рабудашуда ҳаст ё не.

Мансабдорони воломақоми Афғонистон мегӯянд, ки ҳазораҳо аз сӯи мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” рабуда шуда буданд. Аммо Раёсати миллии амнияти Афғонистон масъули рабудани ҳашт нафари ахиран озодшударо эълон накардааст.

Чаҳор рӯз пеш ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” дар волусволии Арғандоби вилояти Зобули Афғонистон 7 тан аз ҳазораҳо, аз ҷумла, 2 зан ва як кӯдакро сар буриданд.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ин “амали ваҳшиёна”-ро маҳкум карда ва ба пайвандони кушташудагон “ҳамдардии амиқ” изҳор кардааст. Волии Зобул Муҳаммад Анвар Ишоқзай масъулияти қатли ин афродро ба дӯши гурӯҳи “Давлати исломӣ” гузошта ва гуфт, кушташудагон аз вилояти ҳамсояи Ғазнӣ рабуда шуда буданд.

XS
SM
MD
LG