Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод Шодӣ Кабиров, сокини деҳаи Тутуи ин ноҳияро бар асоси моддаи 200, қисми 3, банди «а»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне нигаҳ доштани маводи нашъадор, барои 8 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки ҳангоми боздошт аз ин ҷавон 18,5 грамм маводи нашъадори навъи афюн мусодира шудааст.

Дар пурсишҳои аввал ин ҷавон гуфтааст, гирифтори бемории сил аст ва ба хотири “карахт кардани дарди шушҳояш” ин маводро истифода мекардааст.

Аммо Ҳабибулло Кабиров, падари ин ҷавон, рӯзи 10 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писари бемори ӯ мавриди тӯҳмат қарор гирифтааст ва додгоҳ низ даҳҳо далели бегуноҳии ӯро ба назар нагирифта нисбат ба ӯ ҳукми сангин содир кардааст. Ӯ мегӯяд, фарзандаш ҳанӯз аз 2 августи соли 2011 гирифтори бемории сил мебошад, вале на дар тафтишоти пешакӣ ва на дар тафтишоти судӣ беморӣ ба инобат гирифта нашуд.

Ӯ мегӯяд, ҳабси писараш қасосгирии як сокини дигари ноҳия аст: “Нафаре, ки писарамро ба кормандони милиса супурда ва дар суд ҳамчун шоҳид баромад кардааст, худ доғи судӣ дорад ва қаблан сари масъалаҳои гуногун бо писари ман душманӣ дошт. Ӯ ба хотири қасос писарамро “подставить” кардааст".

Падари ин ҷавон мегӯяд, писараш зери фишор баёнот додааст, ки гӯё барои карахт кардани дарди шушаш афюн истифода мекардааст, дар асл ӯ ҳеҷ гоҳ ин корро анҷом намедод.

Дар беморхонаи сили шаҳри Кӯлоб низ ба Радиои Оозодӣ гуфтанд, Шодӣ Кабиров бо иллати гирифторӣ ба “сили иртишоҳои қисми поёнии шуши чап дар марҳилаи сурохшавӣ ва пучшавии ҳисачаҳо ба зардобгирии пардаҳо” як муддат дар ин беморхона табобат гирифтааст.

Ҳабси ин ҷавони мубталои бемории сил дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ, дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 700 нафар аз гирифторони бемории сил ва вируси норасоии маснуияти бадан ё HIV ба сар мебаранд.

Соли гузашта дар зиндон 25 тан аз маҳбусони гирифтори сил даргузаштанд. Дар маҳбасҳои Тоҷикистон шӯъбаҳои вижа барои табобати бемориҳои сил вуҷуд дорад, аммо шароити нигаҳдории беморон дар онҳо аксаран номусоид номида мешавад.

XS
SM
MD
LG