Пайвандҳои дастрасӣ

Табрикоти Исса Ҳаяту ба муносибати пирӯзии “Истиқлол”


Исса Ҳаяту, иҷрокунандаи вазифаи раиси Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA), “Истиқлол”-ро бо пирӯзиаш табрик кардааст.

Исса Ҳаяту, иҷрокунандаи вазифаи раиси Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA), дар як номаи худ ба унвони раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанберо бо пирӯзии пешакиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2015 муборакбод кардааст.

Дар ин нома, аз ҷумла омадааст, “ман бо камоли майл табрикоти самимонаи худро ба бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба муносибати дастоварди олиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон баён мекунам. Ин унвон натиҷаи ҳадафманди ҳамаи онҳоест, ки ба ин кор ҷалб шуда буданд, бинобар ин ман бозигарон, мураббиён, ҳамаи кормандони техникӣ ва тиббӣ, инчунин мухлисонро табрик мегӯям. Аз номи тамоми оилаи футбол ман мехостам ба бошгоҳи «Истиқлол» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон барои кӯмак ҷиҳати маъруфияти рисолати мусбати футбол изҳори сипос намоям.»

Ёдовар мешавем, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст. “Истиқлол”, ки бо 44 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад, сарфи назар аз натоиҷи ду бозии боқимондааш муқобили «Барқи тоҷик» ва «Хуҷанд» медалҳои тиллои мусобиқотро аз они худ кардааст.

“Хуҷанд”, ки бо 36 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад, бо медалҳои нуқра сарфароз мешавад. Барои ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ се даста – “Равшан”-и Кӯлоб, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хайр” –и Ваҳдат талош доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

16

14

2

0

59-3

44

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

11

3

2

32-14

36

3

«Равшан» (Кӯлоб)

16

9

3

4

35-25

30

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

8

6

2

24-12

30

5

«Хайр» (Ваҳдат)

16

8

4

4

20-23

28

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

7

2

6

13-17

23

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

16

3

3

10

15-27

12

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

16

3

2

11

13-28

11

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

16

2

4

10

6-30

10

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

16

0

1

15

4-42

1

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 18 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 17 тӯб, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8-тӯбӣ, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир») – 7 тӯб.

XS
SM
MD
LG