Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми амалиёти наҷот дар як корхонаи Покистон


Амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ дар як корхонаи тахрибшуда дар Покистон, ки тақрибан як ҳафта идома дошт, рӯзи 10 ноябр поён ёфт. Бар асари фурӯ рехтани бинои корхонаи истеҳсоли полиэтилен дар шаҳри Лоҳур 45 нафар ба ҳалокат расиданд. Наҷотбахшон беш аз сад нафарро аз зери харобаҳо берун оварданд.

Корхона рӯзи 4 ноябр тахриб шуд ва, ба гуфтаи мақомот, ин паёмади заминларзаи шадиди моҳи гузашта буд. Бар асари заминларзаи 7,5-баллии рӯзи 26 октябр дар Покистон дастикам 241 кушта ва 1600 маҷрӯҳ шудаанд.

Аршад Зиё, раиси Хадамоти наҷотбахшии Покистон, рӯзи 10 ноябр гуфт, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳо ва афроди зиндамонда ҳанӯз поён наёфтааст, аммо мақомот мутмаинанд, ки зери харобаҳо касе боқӣ намондааст.

Дар амалиёти наҷот тақрибан ҳазор тан аз кормандони хадамоти наҷотбахшии вилояти Панҷобу шаҳри Исломобод ва сарбозони артиши Покистон ширкат доштанд. Рӯзи 6 ноябр наҷотбахшон наврасеро зинда берун оварданд, ки 50 соат зери харобаҳо монда буд.

XS
SM
MD
LG