Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаҳои Тоҷикистон дар “ПродЭкспо – 2015”


Панҷ корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон бо тавлидоти худ дар намоишгоҳи байналмилалии саноати ғизо ва нӯшокӣ, бо номи “ПродЭкспо – 2015” дар шаҳри Мински Белорус иштирок доранд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд,дар ин намоишгоҳ ширкатҳои «Меваи тиллоӣ» аз Исфара, “Меваи Канд» аз Конибодом, «Абрикос» аз Ашт, соҳибкори инфиродӣ - Алишер Абдулҳаев аз Қумсангир ва «Искич» аз Ҳисор маҳсулоти худро ба маърази намоиш гузоштаанд.

Иштирокикорхонаҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо кӯмаки молии Барномаи Рушди Савдои СММ дар Тоҷикистон ва Палатаи савдою саноати кишвар сурат гирифтааст.

Дар намоишгоҳи “ПродЭкспо – 2015”, ки дар рӯзҳои аз 10 то 13 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ҳудуди дуввуним ҳазор корхонаву ширкатҳои беш аз 60 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG