Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъд аз даргузашти як корманди маъруфи телевизион ва як аккос теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ дар клуби шабонаи шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия ба 46 нафар расид.

Таркишу сӯхтор дар клуби Colectiv шоми 30 октябр ҳангоми рок-консерт рӯй дод. Замони рӯй додани сӯхтор дар бино тақрибан 400 нафар, асосан ҷавонону наврасон, ҷамъ омода буданд. Баъд аз сӯхтор бисёриҳо сӯи баромадгоҳ шитофтанд ва ин берун шудан аз биноро мушкилтар кард.

Оташсӯзӣ боиси эътирозҳои густурдаи мардумӣ шуд, ки ҳафт рӯз боз идома доранд ва мунҷар ба истеъфои ҳукумати нахуствазир Виктор Понта шуданд. Баъд аз ширкати раисиҷумҳур Клаус Иоханнис дар гирдиҳамоии рӯзи 8 ноябр теъдоди эътирозгарон то ҳазор нафар коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG