Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафтаи байналмилалии омӯзишӣ дар Тоҷикистон


Бо пуштибонӣ ва мусоидати Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар рӯзҳои аз 16 то 20 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи байналмилалии омӯзишӣ баргузор хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, созмонҳои бахши омӯзишии Амрико, назири Шӯрои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ (ACCELS), EducationUSA, Институти “Ҷомеаи Боз” (OSI) омодагии худро барои ширкат дар ин тадбир иброз доштаанд.

Ҳамчунин, интизор меравад дарҲафтаи байналмилалии омӯзишӣ Маркази фарҳангии “Бактрия”, Барномаи Эрасмус +, Хадамоти табодули академкии Олмон (DAAD), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи Оғохон дар Британия, MBO Professional ва Маркази омӯзишии “Мултикид” ширкат кунанд.

Дар баёнияи Сафорати Амрико таъкид шудааст, ки ин гуна тадбири омӯзишӣ ба ибтикори Вазоратҳои хориҷа ва маорифи Амрико баргузор шуда ва шароитро барои табодули омӯзишӣ дар кишварҳои ҷаҳон ва ҷалби пешвоёни оянда барои таҳсил дар ИМА фароҳам хоҳад кард.

Дар баёния омадааст: “Барномаҳои табодулӣ дар эҷоди фазои ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши муҳимро мебозанд”.

XS
SM
MD
LG