Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

22 сол ҳабси Мансурхон барои қатли шаҳрванди Қирғизистон


Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳайати додгоҳи вилояти Суғд дар Исфара як сокини ҳамин шаҳрро дар қатли зани 63-солаи қирғиз айбдор дониста ва ба 22 соли зиндон маҳкум кард.

Мансурхон Бобоев, як сокини шаҳри Исфара, дар қатли Сорохон Нурматова -- шаҳрванди Қирғизистон муҷрим шинохта шуда ва ба 22 соли зиндон маҳкум гардидааст. Ин қарори ҳайати додгоҳи вилояти Суғд дар Исфара рӯзи 5 ноябр содир шуда, аммо тоза ба дасти мо расид.

Фирӯза Аҳмадзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд ва масъули баррасии ин парванда, 9 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ Бобоевро бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "куштор ва "роҳзанӣ" - айбдор донист. Ба қавли Аҳмадзода, Мансурхон Бобоев ва Сорохон Нурматова қаблан бо ҳам ошноӣ надошта, рӯзи 7 июни соли ҷорӣ тасодуфан дар бозори "Атуш"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳам вохӯрдаанд.

Бобоев пешниҳод кардааст, ки Нурматоваро то марзи Қирғизистон барад ва дувумӣ низ розӣ мешавад. Вале дар ҳудуди Исфара байнашон муноқиша хеста, Бобоев Сорохон Нурматоваро ба ҳалокат мерасонад.

"Бобоев мегӯяд, ки Нурматова ӯро дашном дода, сахт асабӣ кард ва ӯ Нурматоваро бо роҳи бӯғӣ кардан ба қатл расонд. Ҷасадашро баъдан ба як шахтаи кӯҳнаи кони ангишти Шӯроб бурда партофта, гӯшвори тило, гарданбанди тило, каме маблағ ва телефони мобилашро гирифтааст," – нақл кард Фирӯза Аҳмадзода.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, мақомоти додситонӣ ва пулиси Суғд баъд аз як моҳи ҷустуҷӯ қотили Сорохон Нурматоваро аз телефони ҳамроҳи вай, ки ба ҳамсари худаш дода буд, пайдо ва дастгир кардаанд.

Мухторбек Мадазимов, писари Сорохон Нурматова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷасади модарашро 18 августи соли равон дар Кони Шӯроб пайдо карда, баъд аз як рӯзаш баъди ташхис ба дасти пайвандонаш доданд ва ӯро дар Бодканд гӯрондаанд.

Вай дар суҳбати қаблиаш охири моҳи июл гуфта буд, ки бо ирсоли номае аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ барои пайдо кардани модараш, бо роҳи “пилинг” ё роҳи вижаи муайян намудани ҷои телефони мобили вай ба додситонии кишвар дастур диҳад. Вай дар ҳамин иртибот аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик дар таҳқиқи қазияи модараш изҳори сипос кард: "Ман мехостам ба мақомоти додситонӣ ва милисаи тоҷик барои таҳқиқашон изҳори миннатдорӣ намоям. Ва ҳам ба Радиои Озодӣ, ки дар маълум кардани тақдири модарам ёрмандӣ кардед."

Ба маълумоти додгоҳ, Мансурхон Бобоев, сокини 37-солаи ноҳияи Исфара дар замони содири ҷиноят ҷои кори доимӣ надошта, ба хариду фурӯши чорвои хонагӣ машғул будааст. Ӯ соли 2006 бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир барои 9 сол зиндонӣ шуда, баъди 5 сол ӯро ба “колония” мегузаронанд. Вале вай ба Русия фирор мекунад.

Пулиси рус бо дархости мақомоти тоҷик ӯро дастгир карда, ба Тоҷикистон мефиристад ва Бобоев дуним соли дигарро дар маҳбас сипарӣ мекунад. Бобоев соли 2014 аз зиндон раҳо шуда, барои бори сеюм оиладор мешавад ва дар 23-рӯзагии нахустфарзанди аз ин ҳамсараш ба дунёомада даст ба куштори зани қирғиз, Сорохон Нурматова зада, инак, боз паси панҷара ва ин навбат барои 22 сол меравад.

XS
SM
MD
LG