Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии мавзӯи узвияти Косово дар ЮНЕСКО


Кишварҳои узви ЮНЕСКО, Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ, бояд дар конфаронсе дар шаҳри Порис рӯзи 9 ноябр ба узвияти Косово дар ин ниҳод раъй диҳанд. Косово фақат баъди он узви комилҳуқуқи ЮНЕСКО хоҳад шуд, ки аз пуштибонии аз се ду ҳисса аз 195 кишвари узв бархӯрдор шавад. Ягон кишвари узви ЮНЕСКО ҳаққи веторо надорад.

Аз ин пеш Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО бо бештари овозҳо ва бо вуҷуди мухолифати Сербия тавсия дод, ки Косово узви комилҳуқуқи ин ниҳоди Созмони Милал шавад.

Айни ҳол истиқлолияти Косово аз сӯи беш аз 110 кишвари олам, аз ҷумла, ИМА ва аксар давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо эътироф шудааст. Вале Сербия ҳамоно мухолифи мустақилияти Косово мебошад ва ҳампаймонаш Русия чун узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба узвияти Косово дар Созмони Милали Муттаҳид вето гузоштааст.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, изҳор намуд, ки ба узвияти ЮНЕСКО қабул шудани Косово маънои олудаи сиёсат шудани ин ниҳоди фарҳангиро дорад.

XS
SM
MD
LG