Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави кумакҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Дар чорчӯби татбиқи Стратегияи нави ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар солҳои 2015-2018 ин ниҳоди молӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 250 миллион доллар кумаки молӣ ироа хоҳад кард.

Ин нукта дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сирил Мюллер, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ оид ба манотиқи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, таъкид шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот мавзӯъоти марбут ба ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, кумакҳои молии билоиваз ва фаннӣ, ҳамкорӣ дар самти иҷрои тарҳҳои хурду бузург дар бахшҳои нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обрасонӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ шудаанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо тарҳҳои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ, ҷалби маблағҳои иловагӣ барои барқарорсозию соҳилбандии дарёҳои Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000-ро матраҳ кардаанд.

XS
SM
MD
LG