Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти даҳҳо нафар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо "Давлати исломӣ"


Дар навоҳии Зангиота ва Шайхонтоҳур беш аз 40 нафарро ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва иртибот бо гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" боздошт шудаанд.

Мақомоти интизомии Узбакистон беш аз чиҳил нафарро ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва доштани равобит бо гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" боздошт кардаанд. Пайвандони боздоштшудагон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аксари ин афрод сокинони шаҳракҳои Назарбек, Олтинтеппа ва Эшонгузари ноҳияи Зангиота буда ва бархе аз онҳо ба тозагӣ аз муҳоҷирати корӣ аз Русия ва Туркия баргаштаанд.

Як сокини шаҳри Тошканд, ки узвияташ дар "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро рад накарда, аммо аз бурдани номаш худдорӣ намуд, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки "гурӯҳи аввали иборат аз 16 нафар рӯзи 29 октябр боздошт шуданд. Гурӯҳи дигар рӯзҳои 1 ва 3 ноябр дастгир шуданд. Тибқи маълумоти мо, теъдоди онҳо беш аз 40 нафар аст."

Ин мусоҳиби бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар зарфи ду ҳафтаи ахир раванди боздошти нафарони мазҳабӣ дар Узбакистон идома дорад. Дар миёни онҳо мардҳои болои синни 55 ва ҷавонони 20-сола низ будаанд. "Бархе аз онҳо воқеан узви "Ҳизб-ут-Таҳрир" буда, вале бештарашон намозгузорони оддӣ ҳастанд," -- афзудааст ӯ.

Дар идома як мазҳабие, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфтааст, "рӯзҳои 3 ва 4 ноябр кормандони ниҳодҳои қудратӣ бо мошинҳои УАЗ омаданд. Дар маҳалла талотум шуд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ одамонро ба мошин бор карда бурданд. Ба пайвандони боздоштшудагон гуфтаанд, дар ҷӯйбори бетонии маҳалла граната ёфт шудааст, одамонро ба гумони доштани алоқа бо "Давлати исломӣ" тафтиш мекунем. Пас аз анҷоми таҳқиқот онҳоро озод мекунем. Пайвандон ба ин суханони кормандони ҳифзи ҳуқуқ бовар кардаанд."

Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои қудратии ноҳияи Зангиота аз сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ ва шарҳи тафсилоти ин ҳодиса худдорӣ кардаанд.

Боздоштҳо ба гумони узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар Узбакистон дар солҳои 90-уми асри гузашта оғоз шуда, ахиран ниҳодҳои қудратӣ ба равобити аъзои ин ҳизб бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ишора мекунанд.

Вале Тоҷӣ Мустафо, раҳбари "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар Британияи Кабир рӯзи 7 октябри соли ҷорӣ аъмоли террористии "Давлати исломӣ"-ро маҳкум карда, вуҷуди равобит миёни ин ҳизб ва "Давлати исломӣ"-ро рад кард. Ба гуфтаи Мустафо, теъдоди зиёди аъзои "Ҳизб-ут-Таҳрир" аз ҷониби гурӯҳи “Давлати исломӣ” кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG