Пайвандҳои дастрасӣ

​Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, қаҳрамони Осиё оид ба қаиқронӣ дар каноэ байни навҷавонон гардид.

Варзишгари 18-солаи тоҷик Шаҳриёр Даминов, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ, ки 8 ноябр дар шаҳри Палембанги Индонезия ба анҷом расид, дар каноэи яккаса байни навҷавонон ба масофаи 200 метр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нодир Сафаров, сармураббии дастаи мунтахаби қаиқронии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “ дар ин мусобиқаи қитъавӣ варзишгарони 44 кишвар ширкат доштанд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 5 варзишгар шомил буд. Танҳо ба қаиқрони ҷавон Шаҳриёр Даминов муяссар шуд, ки ба ватан бо медал баргардад."

Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов, сокини 18-солаи Душанбе, ягона варзишгари тоҷик буд, ки имсол дар Португалия дар миёни 500 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни навҷавонон намояндагӣ кард. Ӯ дар сабқати каноэи яккаса дар масофаи 1000 метр бо натиҷаи 4 дақиқаву 6,948 сония дар гуруҳи "В" мақоми аввалро гирифт ва ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт. Даминов дар ҷамъбасти умумӣ ҳафтум шуд. Ин натиҷаи нишондодаи Шаҳриёр дар таърихи ин навъи олимпии варзиш дар замони истиқлолияти Тоҷикистон беҳтарин аст.

XS
SM
MD
LG