Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарҳод Восиев "барои таҳқири сардовар" аз 4 бозӣ маҳрум шуд


Фарҳод Восиев

Фарҳод Восиев

​Фарҳод Восиев, ҳимоятгари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, аз чаҳор бозӣ маҳрум шуд.

Ҳимоятгари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев бо тасмими кумитаи одоби Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) аз ҳаққи ширкат дар чаҳор бозӣ маҳрум шуд.

Ба чунин ҷазо футболбози тоҷик барои таҳқири сардовари бозии даври панҷуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” муқобили тими миллии Қирғизистон, ки 8-уми октябр дар Бишкек бо ҳисоби мусовии 2-2 хотима ёфт, гирифтор шудааст. Фарҳод Восиев дар замони изофӣ, вақте ки сардовар Муд Бунёдифард ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ҷаримаи 11-метрӣ таъин кард, корти сурх гирифт.

Фарҳод, ки бародари хурдии Дилшод Восиев мебошад, ба иллати корти сурх дар бозӣ муқобили тими миллии Урдун (0:3) ширкат надошт.

Фарҳод Восиев, ки бозигари бошгоҳи футболи «Газовик»-и Оренбурги Русия мебошад, маҷбур аст боз дар се бозии боқимондаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2018 муқобили тимҳои миллии Бангладеш (12 ноябри соли 2015), Австралия (24 марти соли 2016) ва Қирғизистон (29 марти соли 2016) иштирок нанамояд.

XS
SM
MD
LG