Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин амри манъи парвозҳо ба Мисрро имзо кард


Тибқи ин фармон парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия ба Миср муваққатан мамнӯъ шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, дар ин санад ба ширкатҳои ҷаҳонгардӣ тавсия шудааст, то аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Русия ба истироҳатгоҳҳои Миср худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин, тадобири зарурӣ барои бозгардондани ҷаҳонгардони Русия аз Миср зикр шуда ва Вазорати хориҷаи ин кишвар муваззаф шудааст, то дар ин замина фаъолияти худро бо мақомоти Миср ҳамоҳанг кунад.

Рӯзи ҷумъаи 6 ноябр Владимир Путин бар асоси тавсияи Александр Бортников, раиси Хадамоти амнияти миллии Русия, то замони рӯшан шудани иллати суқути ҳавопаймои А321 ҳама гуна парвозҳоро ба Миср манъ кард.

31 октябри соли ҷорӣ сарвазири Миср Шариф Исмоил эълон кард, ки бар асари суқути ҳавопаймои Русия 217 сайёҳ ва 7 халабони он дар Синойи ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо марбут ба ширкати “Когалымавиа” буд, ки бо рейси 92-68 Шарм-уш-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард.

XS
SM
MD
LG