Пайвандҳои дастрасӣ

Британия Русияро таҳдиди аслӣ ба амнияташ хонд


Ба навиштаи рӯзномаи The Times Британияи Кабир Русияро аз ҷумлаҳои таҳдидҳои асосӣ ба амнияти миллии ин кишвар арзёбӣ кардааст.

Дар канори гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”, вируси Эбола ва раванди саросершавии оммавии муҳоҷирон ба Аврупо Русия дар феҳристи хатарҳо ба амнияти миллии Британия шомил шудааст. Дар назар аст, рӯзи 23 ноябри соли ҷорӣ Дэвид Кэмерон, сарвазири Британия дар ин замина санадеро дар парламент муаррифӣ кунад.

Як манбаъ аз ҳукумати ин кишвар гуфтааст, ки ба далели сиёсати Русия дар қиболи Украина, ҳузури бештари низомӣ дар Калининград ва амалёти неруҳои ҳавоӣ дар Сурия ин кишвар таҳдиде ба амнияти миллии Британия унвон шудааст.

Дар моҳи ноябри соли гузашта Барак Абама, раиси ҷумҳури Амрико низ зимни интиқод аз сиёсати Русия дар қиболи Украина ин кишварро таҳдиде барои оламиён хонда ва аз кишварҳои Аврупо даъват карда буд, то дар баробари ин таҳдид муттаҳид шаванд.

XS
SM
MD
LG