Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ 3 эрониро эъдом кард


Бино ба гузоришҳои расмӣ, дар шаҳри Даммами Арабистони Саудӣ 3 шаҳрванди Эрон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддири ҳашиш эъдом шудааст.

Тибқи иттилои хабаргузории Reuters, мақомоти Эрон рӯи якшанбеи 8 ноябр масъули намояндагии Арабистони Саудӣ дар Теҳронро фаро хонда ва дар иртибот ба эъдоми3 эронӣ эътироз кардаанд.

Ба гуфтаи Ҳасан Қашқавӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон, то ҳол ин ду кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз тира шудани равобит аз иҷрои ҳукми эъдоми шаҳрвандони ҳамдигар худдорӣ кардаанд.

Эрон ва Арабистони Саудӣ дар ростои роҳҳои ҳалли бӯҳрон дар Ироқ, Сурия ва Яман ихтилофи назарҳои ҷиддӣ дошта, дар пайи кушта шудани 465 эронӣ дар маросими адои ҳаҷҷ дар Макка дар моҳи сентябри соли ҷорӣ равобити ин ду кишвар тиратар шудааст.

Дар соли гузашта Арабистони Саудӣ бештар аз ҳар кишвари ҷаҳон муҷозоти эъдом таъйин шуда, маъмулан ҳукми эъдом аз тариқи ҷудо кардани сари маҳкумшудагон аз тан дар ҳузури ом иҷро мешавад.

XS
SM
MD
LG