Пайвандҳои дастрасӣ

11 ноябр - "дедлайн" барои ихроҷи Саидҷонов аз қаламрави Русия


Саид Саидҷонов

Саид Саидҷонов

Саид Саидҷоновро, ки аз латту кӯби пулис рӯдааш пора шуда буд, рӯзи 11 ноябр аз Русия ихроҷ мекунанд. Ин қарори мақомоти Русия имкон намедиҳад, ӯ дар мурофиа иштирок карда, аз ҳаққаш дифоъ намояд.

Дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия расидагӣ ба парвандаи латту кӯби Саид Саидҷонов - шаҳрванди Тоҷикистон ба поён расидааст ва акнун бояд ин парванда ба додгоҳ фиристода шавад ва мурофиаи додгоҳӣ баргузор гардад. Вале дар остонаи мурофиаи мазкур мақомоти додгоҳии ин минтақа Саидҷоновро аз ин кишвар берун мекунанд.

Саидҷонов 8 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки илоҷи дигар надорад, ба ҷуз ин ки қаламрави Русияро тарк кунад, вагарна ӯро ба қонуншиканӣ гунаҳкор хоҳанд кард. Саидҷонов барои 11 ноябр билети ҳавопаймо дорад ва дар ин рӯзҳо бо захми рӯдаи порашуда ва бо халтае, ки рӯи шикамаш овезон аст, мунтазири сафар аст.

Вайро Евгений Нарушев - корманди ГАИ ё бозрасии давлатии

автомобилии шаҳри Ханти-Мансийск бо ҳамкори худ Анатолий Макаров 1 феврали соли 2015 дар яке аз хиёбонҳои шаҳр ба гунае латту кӯб карданд, ки дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфта буд ва амалиёти наҷоташ 7 соат идмоа кард.

Саидҷонов баъд аз 35 рӯзи муолиҷа бо рӯдаи порашуда ва халтаи ластикӣ аз бемористон рухсат шуд ва то ҳол дар чунин вазъ зиндагӣ дорад.

Неллӣ (номи рамзӣ), ки он вақт духтари дӯстдоштаи Саид буд, вайро дар чунин ҳол танҳо нагузошт, балки дар моҳи майи соли ҷорӣ бо Саид арӯсӣ кард ва ба таври расмӣ чун зану шавҳар оилаи навро сабти ном карданд. Акнун вай низ ба мушкили равонӣ рӯ ба рӯ шудааст ва мегӯяд, ки наметавонад аз шавҳараш ҷудо шавад ва ё ба истилоҳ хонаву дари худро тарк намояд. Неллӣ бо афсурдагиву таассуф мегӯяд, "ҳоло наметавонам чизе бигӯям. Намедонам, як умеди кучак дорам, ки ин депортро бекор мекунанд. Саид худаш ҳам мегӯяд, ки ба сафоратхонаи Тоҷикистон меравад ва аз онҳо кумак мехоҳад. Аз 31 январ то ҳол мо ҳар ду азият мекашем. Ман сарнавишти худамро ҳатто барои душаманам орзу намекунам. Мо тамоми ин муддат ғам мехӯрем."

Худи Саидҷонов мегӯяд, ки ҳадафи депорти вай аз ҷавобгарӣ озод кардани Нарушев аст, афсаре, ки ӯро як умр ба маълул табдил додааст. Бо вуҷуди ин ки расидагӣ ба парванда поён ёфтааст, вале мурофиаи додгоҳиро бо сабабҳои номаълум ба таъхир меандозанд. Саидҷонов мегӯяд, "мақсади ман ин аст, ки дар додгоҳ иштирок кунам, вале инҳо мурофиаро ба ақиб партофта истодаанд, ки аввал депорт шавам. Ман монда шудаам. Мақсади онҳо ҳамин аст, ки ман дар мурофиа иштирок накунам."

Саид бояд дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамчун ҷабрдида дар бораи ҷараёни латту кӯб дар яке аз хиёбонҳои шаҳр ва бераҳмиҳои Евгений Нарушев дар шӯъбаи пулис ва сипас дар бораи амалиёти наҷот дар бемористон шаҳодат диҳад. Вале чунин шаҳодат ба фоидаи Нарушев нест ва талошҳо барои депорти Саидҷонов аз рӯзҳои аввал оғоз шуда буд.

Михаил Кокорев, хабарнигори телевизионии ҷамъиятии Югра дар

Ханти-Мансийск мегӯяд, "ҳузури Саид дар мурофиаи додгоҳӣ зарур аст. Барои он ки вай бояд ба қозии додгоҳ ҳикоят кунад, ки дақиқан Нарушев вайро чӣ гуна латту кӯб кардааст. Мутаассифона, пулис якҷоя бо мақомоти додгоҳӣ талош доранд, ки Саидҷоновро берун кунанд. Бори аввал бо ёрии рӯзноманигорон вайро аз депорт боздошта будем. Ин талоши дувум аст. Мехоҳанд пеш аз тасмими додгоҳ ихроҷ кунанд."

Бояд дар давоми ин муддат дар Хантӣ-Мансийск ҷарроҳии дувуми рӯдаи Саидҷонов анҷом мегирифт. Вале барои ин ҷарроҳӣ иҷоза дода нашудааст ва ҳатто вайро барои нақзи қонуни иқомат бо чунин ҷароҳат дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ медоранд, то вай ба ҷое шикоят ё даъво набарад. Акнун барои вай билет харидаанд ва вай 11 ноябр қаламрави Русияро тарк хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG