Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

11 000 сайёҳи Русияро аз Миср бароварданд


Фурудгоҳи Шармушейхи Миср

Фурудгоҳи Шармушейхи Миср

Русия 11 000 сайёҳони худро 7 ноябр тавассути ҳавопаймо аз Миср ба ватан баргардонд. Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, 8 ноябр шумораи бештари шаҳрвандони Русия аз Миср ба Русия оварда мешаванд.

Ба сайёҳон иҷоза дода шудааст, ки танҳо бори дастиро бо худ бигиранд. Борҷомаҳои онҳоро баъдтар бо ҳавопаймои борӣ баъд аз тафтишоти амниятӣ ба Русия меоранд.

Аркадий Дворкович-муовини нахуствазири Русия гуфт, ки се гурӯҳи аввали коршиносони амниятӣ ба Миср фиристода шудаанд, то ба шароити амниятӣ дар фурудгоҳ расидагӣ кунанд.

31 октябр дар парвози Шармушейх-Санкт Петербург ҳавопаймои A321-200 ба садама дучор шуд ва ба нимҷазираи Синаи Миср афтод. Ҳамаи мусофирон ва халабонон ҷон бохтанд.

Бино ба ҳисобҳои тақрибӣ, ҳоло дар Миср ҳудуди 80 000 нафари дигар аз шаҳрвандони Русия боқӣ мондаанд. Қисмати асосии онҳо дар Шармушейх ва Ҳурғада мебошанд.

XS
SM
MD
LG