Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасмими Туркманистон барои оғози сохтмони лӯлаи гоз


Бино ба иттилои нашрияҳои давлатии Туркманистон, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури ин кишвар фармони бунёди лӯлаи гоз аз Туркманистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустонро имзо кардааст.

Тибқи хабари торнамои Turkmenistan.ru ба ширкатҳои давлатии “Туркменгаз” ва “Туркменгазнефтстрой” дастур додааст, аз моҳи оянда сохтмони лӯлаи гозро дар ҳудуди Туркманистон шурӯъ кунанд.

Бар асоси арзёбии муқаддамотӣ, барои бунёди лӯлаи гози Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон(ТАПИ) ба миқдори беш аз 10 миллиард доллар сармоя лозим аст.

Дар назар аст, ин лӯлаи гоз, ки тавони интиқоли 33 миллиард метри кубӣ гозро дар як сол дорад, дар соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Феълан Туркманистон гозро асосан ба Чин содир карда ва бунёди ТАПИ имкони судури гозро ба кишварҳои дигар бештар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG