Пайвандҳои дастрасӣ

Картер гуфт, Русия ба низоми ҷаҳонӣ таҳдид мекунад


Эштон Картер

Эштон Картер

Эштон Картер-вазири дифои Амрико Русияро муттаҳам кард, ки бо таҷовуз ба Украина ва саркашӣ аз музокирот роҷеъ ба аслиҳаи ҳастаӣ низоми ҷаҳониро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст.

Картер гуфт, Русия “масъулиятҳоеро” дар баҳр, дар ҳаво, дар кайҳон ва дар ҷаҳони интернетӣ бар дӯш гирифтааст. Картер гуфт, вазорати дифои Амрико роҳҳоеро ҷустуҷӯ мекунад, то таҷовузи Русияро боздорад ва аз ҳампаймонҳои Амрико дифоъ намояд.

Ин суханонро вай 7 ноябр дар китобхонаи Роналд Рейган дар водии Симии Калифорния баъд аз 7 рӯзи боздидаш аз Осиё ба забон овард.

Картер ҳамчунин аз густариши нуфузи Чин ва афзоиши тавоноии низомии он изҳори нигаронӣ кард. Картер бо назардошти рафтори Русия гуфт, дар низоми байналмиллалӣ чанд зинае вуҷуд дорад, ки он бояд риоят шавад: ҳалли сулҳомези муноқишаҳо, дурӣ ҷустан аз зӯргӯӣ, эҳтиром ба истиқлоли давлатӣ ва озодии рафту омадаи киштиҳо.

XS
SM
MD
LG