Пайвандҳои дастрасӣ

Пеш аз суқути ҳавопаймо садое шунида шудааст


Аймон Муқаддам--раҳбари кумитаи расидагӣ ба фоҷеаи ҳавопаймои Русия мегӯяд, дар лаҳзаи охир дар сабти сандуқи сиёҳи ҳавопаймо садое шунида мешавад. Ин ҳавопраймо ҳафтаи гузашта дар Миср дар нимҷазираи Синай суқут кард.

Бо вуҷуди ин Муқаддам гуфтааст, ки ҳанӯз зуд аст, то дар бораи сабаби суқути ҳавопаймо ба натиҷае расид, зеро расидагӣ ба сабабҳои он идома дорад.

Пештар мақомоти расмии Амрико ва Британия бо такя ба маълумоти кашф ишора карда буданд, ки дар дохили ин ҳавопаймо баме таркидааст.

Ҳавопаймо 31 октябр аз фурудгоҳи Шармушейх ба ҳаво бархост ва ба сӯи Санкт-Петербург парвоз мекард. Ҳамаи мусофирон ва халабонон ба ҳалокат расиданд. Аксари онҳо сайёҳони Русия буданд.

Як бахши тундравҳои Давлати Исломӣ дар нимҷазираи Синай иддао кард, ки ҳавопайморо суқут додааст, вале барои ин иддаояш далеле пеш наовард.

XS
SM
MD
LG