Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ медали муҳассилини тоҷик


Панҷ муҳассили литсейи муштараки тоҷикиу русии “Ҳотам ПВ”−и Душанбе дар олимпидаи байналмилалии фаннӣ дар Таиланд соҳиби ҷоиза гаштаанд.

Туйчӣ Рашидов сухангӯи литсейи “Ҳотам ПВ” рӯзи 8 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳассилини ин литсей дар олимпиадаи байналмилалии “Математика ва илмҳои дақиқ” , ки рӯзи 6 ноябр дар Таиланд баргузор шуд, ширкат карда ва панҷ медал ба даст оварданд.

Ҷаноби Рашидов гуфт, хонандагони синфи ҳафтуми ин литсей Пиров Далер соҳиби медали нуқра ва Шоҳрух Исоматов, Умедҷон Икромов, Глеб Петухов сазовари медали биринҷӣ гаштанд. Бахтовар Ҳотамов хонандаи синфи 8−уми ин литсей низ аз ин олимпида бо медали биринҷӣ бармегардад.

Дар ин олимпидаи байналмилалӣ 26 гурӯҳи хонандагон аз 20 кишвари дунё ширкат кардаанд. Тоҷикистон аз рӯи медалҳои ба даст овардааш дар ин олимпиадаи фаннӣ дар даҳгонаи кишварҳои сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шомил гаштааст.

XS
SM
MD
LG