Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи Эшони Нурӣ аз “Чодари найранг” лағв шудааст


Лаҳзае аз намоишномаи "Чодари найранг"
Лаҳзае аз намоишномаи "Чодари найранг"

Исми саҳнавии яке аз қаҳрамонҳои намоишномаи “Чодари найранг” аз Эшони Нурӣ ба “Эшон ва ё Эшони занакбоз” иваз шудаааст.

Исми саҳнавии яке аз қаҳрамонҳои намоишномаи “Чодари найранг” аз Эшони Нурӣ ба “Эшон ва ё Эшони занакбоз” иваз шудаааст.

Қаблан расонаҳои мустақили Тоҷикистон гузориш дода буданд, ки исми саҳнавии яке аз қаҳрамонони асосӣ Эшони Нурӣ аст.

Намоишномаи “Чодари найранг”, ки шоми шанбеи 7 ноябр дар театри драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба намоиш гузошта шуд, асрори як эшони риёкорро фош мекунад, ки зиндагии пур аз макру фиреб дорад. Эшон назди мардум ботақвову Худотарс зоҳир шуда, аммо дар хилват ба корҳои ғайришаръӣ, нӯшидани шаробу ишқварзӣ бо занони бегона машғул будааст.

Ин рӯҳонӣ, ки дар ин намоишнома аз ӯ бо номи Эшон садо мекунанд, ба содиқ будани ҳамсараш бовар надорад. Ҳамсараш ҳам бо пӯшидани либоси дигар қасди хонадоршавӣ бо як ҷавонро мекунад. Ҳарчанд ин рӯҳонӣ борҳо гумон мебарад, ки хонуми никоҳшаванда ҳамсари худаш аст, аммо ҳавасу ишқу пул боло мегирад ва ӯ ба як ҷавон бар ивази 300 доллар занашро никоҳ мекунад.

Зеро яке аз қаҳрамонони ин намоишнома хитоб ба “Эшони занакбоз” мегӯяд, агар ин хонумро ба ӯ никоҳ накунад ва вай Мулло Муҳиддинро барои анҷоми маросими никоҳ даъват хоҳад кард

“Чодари найранг”
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

Тӯрахон Аҳмадхонов, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ва коргардони намоишномаи “Чодари найранг” дар сӯҳбати бо радиои Озодӣ гуфт, шабеҳияти номи бархе аз қаҳрамонони намоишнома ба бархе аз шахсони сиёсӣ тасодуфан сурат гирифта ва ин ҳолат набояд малоли хотири касе шавад.

Вай афзуд: “Шояд баъзеҳо ба мо дар мавриди интихоби қаҳрамонамон, масалан Эшон эрод гиранд. Лекин мо мехоҳем, ки муллоҳову эшонҳои мо мисли қаҳрамони намоишнома ҳамин хел ҳаётдӯсту барнодилу шӯх бошанд. Бубинед, вақте ба корҳои хатои Эшон эрод мегиранд, вай зуд ислоҳ мешавад.”

Ӯ гуфт, рӯи саҳна овардани риёкории рӯҳонӣ дар ин намоишнома набояд малоли хотири касе шавад. Чунки ҳадаф аз таълифи ин намоишнома на танқиди афроди мушаххас, балки нишон додани бархе аз камбудиҳои ҷомеа ба хотири ислоҳи он мебошад.

Зимнан, театрҳои Тоҷикистон ҳоло аз камбуди тамошобин шикоят доранд ва аксарияти намоишномаҳо бо толорҳои холӣ ва ё нимахолӣ баргузор мешаванд. Камбуди тамошобин театрҳоро дар Тоҷикистон водор сохтааст, то ки бо маслиҳати пешакӣ бо устодони донишгоҳҳо ва ё рабарони корхонаҳо донишҷуён ва коргаронро ба намоишномаҳо даъват кунанд, то ки то андозае вазъи молиявии хешро беҳтар созанд. Барои мисол, дирӯз масъулони театри драмавии Лоуҳти ба намоишномаи “Чодари найранг”коргарони фабрикаи қаннодии “Ширин”−ро даъват карда буданд. Аммо бо ин вуҷуд толори театр нимахолӣ буд.

Миёни тамошобинон бархе аз куҳансолонро низ дидан мумкин аст, ки аз ҷавонӣ одати ба театр омаданро доранд ва ҳанӯз ҳам ин одатро тарк нагуфтаанд.

Мавлуда Ҷабборалиева, яке аз тамошобинони содиқ ба театри Лоҳутӣ дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, кушиш мекунад аксарияти намоишномаҳои ин театро тамошо кунад.

Вай афзуд: “Ман санъатро дӯст медорам. Аз замони шӯравӣ одати тамошои намоишномаҳои театрро дорам. Аммо муттасифона имрӯзҳо дар толори театр ҷавононро кам мебинам. Вале онҳо бояд дарк кунанд, ки аз намоишномаҳои театр ҳаётро омӯхтан мумкин аст, чунки аксарияти саҳнаҳо аз ҳаёт гирифта шудаанд.”

Зимнан, дар Тоҷикистон 7−уми ноябр чун Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. 86 соле қабл маҳз дар ҳамин рӯз аввалин театр дар Тоҷикистон намоишномаи нахустини худро ба тамошобинон намоиш дода буд.

XS
SM
MD
LG