Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кормандони ниҳодҳои қудратии Ӯзбакистон дар шаҳри Тошканд гурӯҳи “салафӣ”-ҳоро, ки бо ҷангиёни Сурия ҳамкорӣ доштаанд, боздошт кардаанд.

Кормандони ниҳодҳои қудратии Ӯзбакистон дар шаҳри Тошканд гурӯҳи “салафӣ”-ҳоро, ки бо ҷангиёни Сурия ҳамкорӣ доштаанд, боздошт кардаанд.

Ба гуфтаимасъулони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, “салафӣ”-ҳо бо мақсади бунёди хилофати исломӣ бо гурӯҳҳои тундрави “Жаннат ошиқлари” (“Ошиқони ҷаннат”) ва Ҳизб -ут-Таҳрир ҳамкорӣ дошта ва қасд доштаанд барои ширкат дар даргириҳо озими Сурия шаванд. Аммо аз ифшои теъдоди аъзои ин гурӯҳ худдорӣ кардаанд.

Нашрияҳои ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбакистон дар ин маврид навиштаанд: “Аъзои гурӯҳи боздоштшуда ҳадафи “ҳиҷрат” ба кишварҳои арабӣ ва ширкат дар даргириҳоро доштанд. Ба ин манзур онҳо бо гурӯҳи тундрави “Ошиқони ҷаннат”-и Сурия ҳамкориҳо барқарор карданд. Ҳамчунин, гурӯҳи “салафӣ”-ҳо бо Ҳизб-ут-Таҳрир равобити наздик доранд. Абдулазиз Раҳимов, фаъоли Ҳизб-ут-Таҳрир нақши ҳамоҳангсозро доштааст”.

Ин мард бо гурӯҳи “салафӣ”-ҳои Тошканд мулоқотҳо анҷом дода ва роҳҳои бунёди “хилофат”-и исломӣ дар ҳудуди Ӯзбакистонро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои торнамои 12news.uz, равобити миёни ин гурӯҳи тундрав тавассути миёнравҳо аз созмонҳои тундрав дар Қирғизистон анҷом шудааст.

Ин манбаъ менависад: “Дастурҳои аслӣ ба ин гурӯҳи тундрав аз “дӯстон”-и қирғиз дода мешавад. Ба ин манзур аз васоили мусоири фаннии иртибототӣ, назири Интернет истифода шудааст”.

Гуфта мешавад, бештари “салафӣ”-ҳои боздоштшуда соҳибкорон будаанд, ки дар бозорҳо ва муассисаҳои тиҷоратӣ фаъолият доштаанд.

Ба навиштаи торнамои 12news.uz, тақрибан ҳамаи боздоштшудагон дар Русия ва Қазоқистон ба корҳои мавсимӣ машғул буда ва мумкин аст, дар он ҷо таҳти таъсири гурӯҳҳои тундрав қарор гирифтаанд.

Тибқи иттилои манобеъи ниҳодҳои амниятии Қирғизистон, гурӯҳи ҷиҳодии “Ошиқони ҷаннат” аз ҷангиёни ӯзбак, ки аз шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод ба Сурия рафтаанд, иборат будааст. Зимнан, торнамои ин гурӯҳ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масдуд аст.

XS
SM
MD
LG