Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике ширкаташ дар қатли 17 нафар дар Русияро эътироф кардааст


Як шаҳрванди Тоҷикистон ба муфаттишони парванда дар Маскав эътироф кардааст, ки дар суфуфи гурӯҳи муташаккили ҷинойӣ дар амалҳои қатлу ғорат ширкат доштааст.

Як шаҳрванди Тоҷикистон ба муфаттишони парванда дар Маскав эътироф кардааст, ки дар суфуфи гурӯҳи муташаккили ҷинойӣ дар амалҳои қатлу ғорат ширкат доштааст.

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии “Lifenews”, аъзои ин гурӯҳ дар ҷараёни фаъолияти худ дар шаҳри Маскав ва вилоятҳои Маскаву Калуга 17 нафарро кушта ва амволи онҳо ба ғорат бурдаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, Ҳазратхон Додохонови 28-сола, шаҳрванди Тоҷикистон ба муфаттишони парвандаи ҷинойӣ ҷузъиёти қатлу ғоратро ошкор сохта ва дар мавриди аъзои ин гурӯҳи ҷинойӣ маълумот додааст.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон то замони пайвастан ба гурӯҳи муташаккили ҷинойӣ дар бозорҳои Русия ба ҳайси борбар ё ҳаммол фаъолият доштааст. Феълан зан ва ду кӯдаки ноболиғи Ҳазратхон Додохонов дар вилояти Маскав зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳайдарбой Додохонов, падари Ҳазратхон ба шабакаи телевизионии “Lifenews” гуфтааст, ки ба даст доштани фарзандаш дар ҷиноятҳои сангин бовар надорад. Ба эътиқоди Додохонов, мумкин аст аъзои гурӯҳи ҷинояткор писарашро, ки дар ин гурӯҳ ронанда будааст, ба аъмоли ҷинойӣ маҷбур кардаанд.

Ба гуфтаи кормандони гурӯҳи тафтишотӣ, Ҳазратхон Додохонов охирин узви гурӯҳи муташаккили ҷинойӣ аст, ки рӯзи 11 ноябри соли 2014 дар вилояти Маскав боздошт шудааст. Қаблан 8 мард ва 2 зани узви ин гурӯҳ дастгир шуда буданд.

Ин манбаъ фарзияҳо дар мавриди омодагии ин гурӯҳ барои анҷоми амалҳои терррористро рад карда ва гуфтааст, ки ҳадафи аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинойӣ ба даст овардани пул, амвол ва мошинҳои гаронбаҳо будааст.

Масалан, 22 сентябри соли 2013 ин гурӯҳ дар километри 29-уми шоҳроҳи М2 “Балтия” мардеро кушта, мошин ва чизу чораи ӯро ғорат кардааст.

Додгоҳи Маскав муддати боздошти аъзои гурӯҳи муташаккилро то 11 марти соли оянда тамдид карда ва дар назар аст, тобистони соли оянда муҳокимаи ин афрод дар додгоҳ шурӯъ шавад.

XS
SM
MD
LG