Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди фармондеҳи нируҳои дарёии Амрико аз Душанбе


Рей Мэбас
Рей Мэбас

7 ноябр боздиди кӯтоҳмуддати Рей Мэбас-фармондеҳи нируҳои дарёии Амрико аз Тоҷикистон ба поён расид. Дар ин бора сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе ба Радои Озодӣ хабар дод.

Дар давоми боздиди мухтасари худ аз Душанбе Мэбас дар сафоратхонаи Амрико дар Душанбе бо кормандони сафорат мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот уҳдадориҳои Амрико дар Осиёи Миёна барои таъмини амният баррасӣ шуд.

Мэбас ҳамчунин бо горди амнияти нируҳои дарёии Амрико дар сафорат дидор ва гуфтугӯ кард. Фармондеҳи нируҳои дарёии Амрико дар ҷараёни силсилабоздидҳои худ аз кишварҳои африқоӣ ва аврупоӣ, ки нирҳои дарёии Амрико дар он ҷойҳо мустақаранд, дар Тоҷикистон таваққуф кард.

Вай дар ин ҷойҳо бо сарбозону афсарони нируҳои Амрико ва ҳамчунин бо раҳбарони кишварҳо мулоқот мекунад. Дар бораи мулоқотҳои вай бо мақомоти расмии Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG