Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 шаҳрванди дигари Тоҷикистон аз Яман бароварда шуданд


Муҳаммад Эгамзод
Муҳаммад Эгамзод

Шаби 6 ба 7 ноябри соли чорӣ 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз Яман берун оварда шуданд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар маскав ба Радиои озодӣ хабар дод.

Онҳоро дар фурудгохи баналмилалии Домодедово масъули Хадамоти консулии Сафорати Точикистон дар Русия Бахтиер Муродов истикбол намуда, барояшон ҳуҷҷатҳои лозимиро барои гузаштани нуқтаи бунгоҳи сарҳадии фурудгоҳ фароҳам овардааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон Даврон Азамов, Жанна Кудзиева, Ал Бухари Ҳания, Алан Бицоев, ки солҳои сол дар Яман кору иқомат доштанд. Субҳ 7 ноябр Даврон Азимов бо ҳавопаймои парвозиМаскав -Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Алан Бицоев озими шаҳри Пермь гардид ва Жанна Кудзиева ҳамроҳи духтараш Ал Бухари Ҳания дар меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Маскав ҷой дода шуданд. Ин ҳарду низ рӯзҳои наздик нияти бозгашт ба Ватанро доранд.

Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ин масъала чанд муддат аст, ки дар доираи ҳамкории пайвастаи намояндагии дипломатии Тоҳикистон дар Русия бо Вазорати умури хориҷии ин кишвар мавриди баррасӣ карор дошт. Вай гуфт, “мо аз мақомоти русӣ барои ҳамкории судманд дар ин самт арзи сипос менамоем. Зеро пеш аз ин низ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман кору фаъолият мекарданд, дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди миёни ниҳодҳои дипломати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз ин кишвар берун оварда шуда буданд”.

XS
SM
MD
LG