Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Падар аз сарнавишти писари донишмандаш нигарон аст


Шаҳром Амирӣ

Шаҳром Амирӣ

Дар Эрон падари яке аз донишмандони ҳастаии ин кишвар аз сарнавишти писари боздоштшудааш изҳори нигаронӣ кардааст. Асғар Амирӣ ба бахши форсии Би Би си гуфтааст, ки бештар аз як сол ба вай иҷоза надодаанд, ки бо писараш Шаҳром дидор дошта бошад ва ё бо вай сӯҳбат кунад.

Вай гуфт, писараш дар як ҷои махфӣ нигаҳ дошта мешавад ва вай моҳи сентябри соли гузашта, вақте ки бори охир бо писараш дидор дошт, вазъи саломатиаш хуб набуд.

Шаҳром Амирӣ, ки сӣ сол дорад. Соли 2009 дар Арабистони Саъудӣ бедарак шуд ва як сол баъд дар Амрико пайдо шуд. Дар як силсила наворҳои видеоӣ вай иддао мекард, ки вайро агентҳои Амрико ва Арабистони Саъудӣ рабудаанд, вале баъдтар мегуфт, ки вай дар Амрико озодана зиндагӣ мекунад. Сипас хонаводаи вай эълон кард, ки Шаҳром мехоҳад ба Эрон ба хонааш баргардад.

Вай соли 2010 бо зану писараш ба Эрон баргашт. Баъдтар гузоришҳо пахш шуд, ки вайро боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG