Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз 67 сол бори аввал раҳбарони Чин ва Тайван мулоқот карданд


7 ноябр Сӣ Ҷин Пин-раҳбари Чин ва Ма Инзю - раҳбари Тайван бори аввал баъд аз соли 1949 бо ҳам мулоқот ва дастфишорӣ карданд. Қабл аз оғози мулоқот Ма Инзю изҳори умед кард, ки мулоқоти раҳбарони Чин ва Тайван мунтазам баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи раҳбари Тайван, ин музокирот ба оянда дахл дорад ва бояд ба таҳкими сулҳ дар минтақа кӯмак кунад. Дар остонаи ин мулоқот дар Тайпей-пойтахти Тайван байни пулис ва эътирозгарон задухурд рух дод. Эътирозгарон бар зидди ин мулоқот баромада буданд.

Муносиботи расмии ҳукуматҳои Чин ва Тайван дар соли 1949 қатъ шуд. Он сол баъд аз бохт дар ҷанги дохилӣ бар зидди Ҳизби куммунисти Чин нируҳои Гоминдан, яъне Ҳизби миллии Чин ба раҳбарии Чан Кайшӣ ба ҷазираи Тайван фирор карда буданд.

XS
SM
MD
LG