Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади вазири пешинри Русияро дар меҳмонсаро пайдо карданд


Михаил Лесин

Михаил Лесин

Ҷасади Михаил Лесин-вазири пешини матбуот ва радиову телевизиони Русияро дар яке аз ҳуҷраҳои меҳмонсарое дар Вашингтон пайдо карданд. Дар ин бора мақомоти расмии Амрико ба шабакаи телевизионии АВС хабар додаанд. Лесин 57 сол дошт ва маълум набуд, ки сабабииқоматаш дар Амрико чист.

Дар бораи сабаб ва шароити марги вазири пешин ва раҳбари "Газпром-медиа Холдинга" хабаре нашр нашудааст. Пулис расидагӣ ба марги вайро оғоз кардааст.

Баъд аз пайдо кардани ҷасад ба сафоратхонаи Русия дар Амрико хабар додаанд. Бино ба изҳороти пулис, намояндагони расмии Русия якҷо бо пулиси Амрико сабабҳои марги вазири пешинро таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG