Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атамбоев хост, ки салоҳияи президент маҳдуд шавад


6 ноябр Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҷаласаи порламони кишвараш гуфт, ки Қирғизистон бояд ба низомии идории порламонӣ бигзарад. Вай ин инуктаро дар маросими савганди аъзои нави кобинаи кишвараш изҳор дошт.

Вай пешниҳод кард, ки масъалаи ворид кардани ислоҳот дар Қонуни Асосиро биомӯзанд, зеро дар қонун роҷеъ ба низоми идории кишвар нукоти зиддунақиз вуҷуд дорад.

Вай гуфт, “ҳар кас бо хости худ дар ҳолатҳои гуногун метавонад ин моддаи қонунро ҳар навъ тавзеҳ диҳад. Агар мо баъд аз ду сол ояндаи кишварро ба дасти як нафар диҳем, ин кори нодурусте хоҳад буд”.

Атамбоев хитоб ба намояндагони порламон гуфт, “салоҳияти раиси ҷумҳур бояд маҳдуд шавад, шумо бояд ин масъаларо бо диққат биомӯзед ва онро ба баррасии мардум гузоред”.

XS
SM
MD
LG