Мақомоти Созмони назорат бар манъи истифода аз аслиҳаи кимёии вобаста ба СММ мегӯянд, ки тобистони соли ҷорӣ дар ҷараёни ҷангҳо дар Сурия гази мамнуи «горчичный» ё иприт истифода шудааст.
Исифода аз ин гази марговар соли 1925 дар саросари ҷаҳон мамнуъ эълон шуда буд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, 21 августи соли ҷорӣ ин газро дар шаҳраки Мареаи вилояти Ҳалаб дар ҷараёни ҷанги шӯришиён бо гурӯҳи Давлати Исломӣ истифода кардаанд.
Як мақоми ин созмон гуфт, бори аввал аст, ки онҳо истифода аз ин газро дар Сурия тасдиқ мекунанд. Онҳо мегӯянд, «истифода аз ин газро тасдиқ мекунанд, вале маълум накардаанд, ки аз тарафи кадом ниру истифода шудааст».
Иддао мешавад, ки моҳҳои охир гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломӣ ҳам дар Сурия ва ҳам дар Ироқ аз аслиҳаи кимёӣ истифода мекунанд.
Гурӯҳҳои имдод мегӯянд, ки дар шаҳраки Мареа аз ин газ даҳҳо нафар осеб дидаанд.