Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия 20 тундрави исломиро боздошт кард


Пулиси Туркия 20 нафарро ба эҳтимоли ҳамкорӣ бо тундравҳои Давлати Исломӣ боздошт кардааст. Дар ин бора расонаҳои хабарии Туркия гузориш додаанд.

Дар ин гузоришҳо гуфта мешавад, ки ин боздоштҳо 30 октябр дар вилояти Анталия дар остонаи мулоқоти раҳбарони 20 кишвари пешрафта ё Ҷӣ 20 сурат гирифтааст.

Бино ба гузоришҳо, ду нафари онҳо шаҳрвандони Русия будаанд. Дар давоми ҳафтаҳои гузашта пулиси Туркия даҳҳо нафар аъзои эҳтимолии гурӯҳи Давлати Исломиро дар саросари ин кишвар муҳосира кард. Туркия яке азкишварҳоест, ки тундравҳо аз қаламрави он ба Сурия мегузаранд.

Феридун Синирлиуғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия гурӯҳи Давлати Исломиро таҳдиди “аслӣ” номид ва гуфт, ки Анкара дар рӯзҳои оянда бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ амалиёти низомӣ ба нақша гирифтааст.

Туркия тундравҳои Давлати Исломиро барои 2 бамгузорӣ дар Анкара гунаҳгор медонад. Дар ин бамгузориҳо бештар аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG