Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба гузоришҳо, Афғонистон мехоҳад, ки аз Ҳиндустон 4 чархболи Ми-25 бигирад, зеро дар саросари Афғонистон ҳамлаҳои Толибон афзоиш ёфтааст.

Сарчашмаҳои хабарӣ дар Деҳливу Кобул мегӯянд, ки Муҳаммад Ҳаниф Атмар-мушовири амнияти миллии Афғонистон дар охири ҳамин ҳафта ба Деҳлӣ меравад, то қарордод дар бораи ин чархболҳоро ниҳоӣ кунад.

Як сарчашма дар Ҳиндустон гуфт, ки мақомоти кишвараш бо генерал Ҷон Кэмпбелл-фармондеҳи боломақоми Амрико дар Афғонистон роҳҳои интиқоли чархболҳо ба Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Баъд аз имзои қарордоди ҳамкории стратегии миёни ду кишвар дар соли 2011 бори аввал Ҳинд воситаи ҷангӣ дар ихтиёри Афғонистон мегузорад.

Як мақоми Афғонистон гуфт, қарор аст Атмар дар Ҳиндустон ҳамчунин масъалаи омӯзиш додани нируҳои вижаи Афғонистон дар мактабҳои Ҳиндустонро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG