Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари пешини Vimpelcom боздошт шуд


Бино бар изҳороти вакилони дифоъ ин боздошт дар чаҳорчӯби таҳқиқи амалҳои фасодкоронаи Vimpelcom дар Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

Собиқ раҳбари ширкати холдинги мухобиротии Vimpelcom Ҷо Лундер чаҳоршанбеи 4 ноябр дар Осло боздошт шуд, - хабар медиҳад ширкати радио ва телевизионии норвегии NRK бо истинод ба вакили дифои собиқ раҳбари ширкат Като Шётса.

Вакили дифоъ то ҳол амрномаи боздоштро надидааст, вале фикр мекунад, ки фасодкории Vimpelcom дар Ӯзбекистон сабаби боздошт шуда бошад. Ин парвандаро Вазорати адлияи ИМА дар нисбати духтари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Гулнора Каримова ва атрофиёни ӯро таҳқиқ мекунад. Ба иддаои ҳуқуқдон худи Лундер аз ришваҳо дар замони раҳбариаш дар ин ширкати холдингӣ хабар надоштааст.

Дар моҳи марти соли 2015 Лундер аз вазифаи мудири иҷроияи Vimpelcom истеъфо дод.

Vimpelcom – ширкати холдингиест, ки дар Русия, Украина, кишварҳои ИДМ, Италия ва бархе аз кишварҳои Осиё ва Африқо моликияти мухобиротӣ дорад. Ба санаи 31 декабри соли 2013 теъдоди муштарини умумии ин ширкат 220 миллион арзёбӣ шудааст.

Ширкати Telenor, саҳҳоми норвежии Vimpelcom ташаббускори ифшои фасод буд. TeliaSonera, ширкати дигари мухобиротии шведӣ 17 сентябр эълом дошт, ки фаъолиятҳои худ дар кишварҳое, ки ба қазияи фасодкорӣ дар арсаи мухобиротӣ иртибот доранд, аз ҷумла дар Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG