Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба ҷанги зидди «Давлати исломӣ» ҳамроҳ мешавад


Туркия мехоҳад, рӯзҳои наздик зидди «Давлати исломӣ» амалиёти низомӣ оғоз кунад, - гуфт вазири корҳои хориҷӣ Феридун Синирлиоглу, хабар медиҳад Daily Sabah.

«ДИ» ба тарзи ҳаёти ва амнияти мо хатарнок аст. Мо нақшаи амалиёти низомӣ бар зидди онҳо дар рӯзҳои наздикро дар даст дорем. Худатон шоҳид мешавед. Мо бояд ҳама якҷо аз ин хатар пешгирӣ кунем», - гуфт вай.

Пештар, 28 октябр додситонии Туркия хабар дод, ки гувоҳии қатъие дорад, ки амалиёти террористӣ дар шаҳри Анқара, ки дар пай он тибқи як манбаъ 102 нафар ва тибқи иттилои манбаи дигар 128 нафар кушта шудаанд, аз сӯйи ҷангиёни «Давлати исломӣ» аз шаҳри Газиантеп дар марз бо Сурия ташкил шудааст.

Ҳамчунин бозрасони туркӣ «ДИ»-ро масъули амалҳои террористие медонанд, ки дар пайи онҳо дар шаҳри Суруч 27 нафар кушта ва инфиҷор дар шаҳри Диёрбоқир ки 5 июн рух дода, дар он ҷо чаҳор нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG